Аз рӯи натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Бошқирдистон дар Душанбе раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид ва ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Бошқирдистон Павел Бармин созишномаи ҳамкорӣ миёни палатаҳоро ба имзо расониданд.
Зимни вохӯрӣ Шариф Саид имконоти бузурги роҳандозии шарикӣ миёни Тоҷикистону Бошқирдистонро қайд намуда, ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои энергетика, саноати кӯҳкориву сабук ва хӯрокворӣ ва ҳамчунин комплекси агросаноатиро аз самтҳои афзалиятнок номид ва пешниҳод кард, ки бо мақсади «фаъол гардонидани ҳамкориҳои тоҷирон бар асоси дуҷониба» дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Бошқирдистон созмон дода шавад.
Павел Бармин дар навбати худ изҳор дошт, ки «корхонаҳои минтақаи Урали Миёна шарикон аз Тоҷикистонро ба сифати шарикони афзалиятнок арзёбӣ мекунанд».
«Корхонаҳои истеҳсолии минтақа ба пешниҳоди ҳамкорӣ дар масъалаҳои таҳвили маҳсулоти комплекси мошинсозӣ, бахшҳои тиббӣ ва дорусозӣ, маснӯот барои саноати нафту газ ва нафту кимиё омодаанд», - гуфт П.Бармин.
Дар ҷараёни сафари ҳайати соҳибкорони Бошқирдистон ба Тоҷикистон ҳамчунин масоили интиқоли меваю сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон ба ин минтақа, коркарди маҳсулоти сабзавоту мева, таъсиси корхонаҳои муштарак бо давраи пурраи коркарди нахи пахта, интиқоли таҷҳизоту техникаи кишвоарзӣ ба Тоҷикистон ва ифтитоҳи филиал ва намояндагиҳои ширкатҳои Бошқирдистон дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Бошқирдистон аз Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ, КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон», корхонаи «Тоҷиккабел», ширкати «ТАДЭС», Донишкадаи «Гидропроект»ва минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» дар вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик ошно гардиданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста