Шурӯъ аз моҳи октябр интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон қатъ шуд. Дар ин бора ВАО-Қирғизистон бо истинод ба хадамоти матбуоти ширкати «Нерӯгоҳҳои барқӣ»-и ин кишвар хабар медиҳанд .
Гуфта мешавад, давоми моҳҳои июн-сентябри соли равон аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 146,6 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуда, ҳамин тариқ Қирғизистон барои воридоти ин миқдор нерӯи барқ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,6 млн. доллари ИМА маблағ пардохт кардааст.
Қаблан аввали моҳи июн ширкатҳои энергетикии ҳарду кишвар дар ин робита иттилоъ дода буданд, ки дар бораи содироти барқ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми то 500 млн. кВт/соат дар мавсими тобистон бо нархи 2,5 сент барои 1 киловатт ба мувофиқа расиданд.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» маълумоти аз аввали моҳи октябр қатъ шудани содироти нерӯи барқ ба кишвари ҳамсояро тасдиқ карда, изҳор доштанд, ки дар робита ба камбуди барқ дар ҷумҳурӣ чунин тасмим гирифта шудааст.
Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми умумии нерӯи барқи аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содиротшуда, беш аз 1 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад, аз ҷумла ҳудуди 850 млн. кВт/соат ба Афғонистон ва наздики 150 млн. кВт/соат ба Қирғизистон.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста