Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Эрон Неъматулло Эмомзода бо роҳбари Палатаи савдо, саноат, конҳои маъдан ва кишоварзии Эрон Муҳсин Ҷалолпур рӯзи 6 октябр дар Теҳрон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Эрон, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масоили таҳким ва рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар намуданд.
Сафир қайд кард, ки санаи 14 октябр дар Душанбе Форуми байнулмилалии тиҷоратии «Душанбе-2015 доир мегардад, ки дар кори он иштироки шахсони воломақоми Тоҷикистон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байнгулмилалӣ ва минтақавӣ дар назар аст. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҳайати Эрон низ дар ин форум ширкат хоҳад варзид.
Дар сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ин робита қайд мекунанд, ки то имрӯз иштироки худ дар кори форуми «Душанбе-2015»-ро беш аз 30 нафар намояндагони ширкатҳои маъруфи Эрон ва тоҷирон аз минтақаҳои гуногуни ин кишвар тасдиқ кардаанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Эрон ҳудуди 118 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 қариб 25% камтар аст. Ҳаҷми маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Эрон содиротшуда дар ин давра беш аз 33,2 млн. доллари ИМА ва маҳсулоти аз Эрон ба Тоҷикистон воридшуда дар ин давра зиёда аз 84,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста