Дар зарфи 9 моҳи соли 2015 ҳудуди 275 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин нишондод 240,5 ҳазор нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ гардидаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, даромади умумӣ ба буҷети давлатӣ аз ташрифи сайёҳони хориҷӣ дар ин давра 120 млн. 283 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин давраи соли гузашта 166,1 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, даромади умумӣ ба буҷет 83 млн. 92,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Нишондиҳандаи беҳтарин аз рӯи шумори сайёҳони хориҷӣ, ки аз Тоҷикистон боздид намудаанд, соли 2012 ба қайд гирифта шуда, дар давраи тамоми ин сол 244 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.

Дар Кумита мутмаинанд, ки дар соли ҷорӣ нишондиҳандаи ташрифоти сайёҳон ба кишвар баландтарин нишондиҳандаро ташкил хоҳад дод.