Бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволии давлатии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳамдастӣ бо намояндагии ташкилоти Оксфам дар ҶТ рӯзи 8 октябр дар шаҳри Душанбе масоили рушди соҳибкорӣ миёни занон барррасӣ шуданд.
Дар кори мизи гирд ба ин муносибат сиёсатмадорон, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон, занони соҳибкор ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Иштирокдорони чорабинӣ мушкилоти мавҷуда ва роҳу воситаҳои беҳбуди имконоти иқтисодӣ барои занон ва ҳамчунин нақши давлат дар ҳавасмандсозии муносибатҳои шарикона бо онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Иштироки занон бар асоси баробар бо мардон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба беҳбуди самаранокии иқтисодӣ ва рушди кишвар мусоидат намуда, дар самти коҳиши сатҳи камбизоатӣ нақши назаррас мегузорад», - қайд кардааст директори намояндагии Оксфам дар Тоҷикистон Боян Колундзия.
Мизи гирди мазкур яке аз чорабиниҳои омодагӣ дар остонаи баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории «Душанбе- 2015» мебошад, ки санаи 14 октябри соли равон доир мегардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста