Ширкати NORINCO International Cooperation Ltd-и Чин сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) дар ноҳияи Раштро дар нақша дорад.
Дар доираи кори форуми байнулмилалии соҳибкорон «Душанбе-2015», ки рӯзи 14 октябр доир мегардад, ин ширкати Чин бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ин хусус озишномаи дахлдор ба имзо мерасонад.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, МБГ дар ноҳияи Рашт аз ду деги энергетикӣ бо иқтидори умумии 350 мегаватт иборат хоҳад буд, ки тибқи ҳисобу китоби энергетикҳо, ба истеҳсоли ҳудуди 8,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз баробар аст.
Дар назар аст, ки ин марказ ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода хоҳад кард. Дар бораи ҳаҷми маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби ширкати Чин алҳол маълумот дастрас нест.
Қобили зикр аст, ки ширкати Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА)-и Чин дар шаҳри Душанбе ба сохтмони МБГ «Душанбе-2» бо иқтидори 300 МВт машғул аст. Навбати аввали ин иншоот моҳи январи соли 2014 ба истифода дода шуда, бунёди навбати дуюми он баҳори соли равон оғоз ва анҷоми он соли 2017 дар назар аст.
Айни замон дар Тоҷикистон ба ҷуз МБГ «Душанбе-2», танҳо дар Душанбе ва Ёвон боз ду Маркази барқу гармидиҳии дигар мавҷуданд, ки сӯзишвории асосии онҳо гази табиӣ аст. Дар робита ба камбуди гази табиӣ, МБГ Душанбе бо иқтидори нопурра кор карда, МБГ Ёвон тайи солҳои охир умуман фаъолият намекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста