Гурӯҳи корхонаҳои «Кубанский модульный дом» ният дорад, ки истеҳсол ва сохтмони хонаҳои модулӣ дар Тоҷикистонро роҳандозӣ намояд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, аз рӯи натиҷаҳои кори Форуми байнулмилалии соҳбкории «Душанбе-2015», ки санаи 14 октябр дар Душанбе доир мегардад, дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо мерасад.

Тибки маълумоти хадамоти матбуоти Гурӯҳи корхонаҳои «Кубанский модульный дом», чанде қабл намояндагони дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аз кишвари Краснодари Русия боздид намуда, бо технологияи сохтмони «манзили замонавӣ, каммасрафи барқӣ, аз нигоҳи экологӣ тоза, мустаҳкам ва арзон» шинос карда шудаанд.

Муовини сардори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Толиб Аҳмедов зимни мулоқот бо раҳбарияти ин корхона изҳор доштааст, ки дар ин ҷо «индустрияе ташкил шудааст, ки метавонад сохтмони манзили камошёна дар ҳама гуна минтақаҳоро бо суръат ва ҳаҷми зарурӣ таъмин намояд».

«Дар ҳамдастӣ бо шариконамон аз корхонаи мазкур мо ният дорем, ки сокинони ҷумҳуриро бо манзили хушсифат ва арзон таъмин кунем. Самти имрӯз бештар ояндадор - сохтмони манзили аз нигоҳи истифодаи барқ каммасраф аст ва хонаҳои бо ин технология сохташуда маҳз бо ҳамин хусусияташон тафовут доранд. Ғайр аз ин, истеҳсоли модулҳои бузургҳаҷм дар конвейер ба роҳ монда шудааст ва ин тарзи кор суръати хеле тези омода кардани онҳо, сифати баланди маснӯот, самаранокии истеҳсолот ва имкони ҷалби коргарони соҳибтаҷрибаро таъмин мекунад», - гуфтааст Толиб Аҳмедов.

Усули асосии сохтмони хонаҳои модулӣ дар ҷобаҷокунии моделҳои аллакай тайёр ифода меёбад, ки пештар ба мавзеи сохтмон оварда мешаванд. Деворҳои хонаҳои модулӣ метавонанд аз сохторҳои металлӣ ё маснӯот аз чӯб тайёр карда шаванд.