Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Тайван, ки рӯзҳои 14-16 октябр дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шуда буд, доир намегардад.

Дар мактуби раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид ба унвони иштирокчиёни форум дар ин робита қайд мешавад, ки чорабинӣ бинобар сабаби «ҷой доштани мушкилоти дастрасии намояндагони Тайван ба раводидҳо» мавқуф гузошта мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали даҳаи якуми моҳи сентябр Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ дода буд , ки рӯзҳои 14-16 сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии доираҳои кории Тоҷикистону Тайван баргузор мешавад.

Зикр гардида буд, ки ҳайати Тайванро дар ин форум роҳбари Маркази савдои Тайван (TAITRA) дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) Сун Ҷин Чуан сарварӣ мекунад.