Дар чаҳорчӯби 9-мин Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея - Осиёи Марказӣ аввалин Намоишгоҳи тиҷоратӣ-сайёҳии кишварҳои узви Форум зери унвони “Road Show” баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, намоишгоҳи мазкур бо буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо ифтитоҳ шуда, дар он асарҳои фарҳангӣ, намоиши имкониятҳои сайёҳӣ ва намунаи маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии хурду бузурги Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои узви Форум ба намоиш гузошта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи мазкур Вазорати фарҳанг, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи ҷавон, варзиш ва сайёҳӣ, Палатаи савдо ва саноат ва инчунин ширкатҳои ҶДММ “Исфарафуд”, ҶДММ “Абрикос”, ҶДММ “Макколӣ”, ҶДММ “Манучеҳр” ва хоҷагии асалпарварии “Кароматулло” муаррифӣ намуданд.
Дар доираи Намоишгоҳи мазкур созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ширкатҳои Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста