Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва борбандии Agrofood-2015 баргузор мешавад, ки аз ҷониби Expo Central Asia ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) созмон дода мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ПСС Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ фароҳам овардани имконоти нави фурӯш, дарёфти шарикони нав ва ба бозор роҳ ёфтани маҳсулоту хизматгузориҳои нав аст.
Дар намоишгоҳ пешниҳоди техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ, тухмиву ниҳолҳо, технологияҳои обёрӣ ва ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти боғдориву гулпарварӣ дар назар аст.
Ҳамчунин маҳсулоти шириву гӯштӣ ва моҳӣ, сабзавоту мева ва консерваҳо, маснӯотӣ нонӣ ва қаннодӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва таҷҳизоти касбӣ барои ошхонаҳо низ ба маърази тамошову фурӯш гузошта мешавад.
Ғайр аз ин, тамошогарони намоишгоҳ метавонанд бо таҷҳизоту технологияҳои коркарди маводи ғизойӣ, борбандӣ ва таҷҳизоти он, ҳамчунин таҷҳизот барои коркарди шир аз наздик ошно гарданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста