Имрӯз дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор Анҷумани иқтисодии байналмилалии «Ҳисор-3000» ба кор шурӯъ мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, анҷумани мазкур дар мавзӯи «Нақши соҳибкорӣ дар рушди минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати ҷашни нахустин солгарди Рӯзи соҳибкор, ки санаи 14 октябр дар кишвар таҷлил мегардад, баргузор мешавад.
«Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад», - омадааст дар хабари Вазорат дар ин робита.
Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон дар доираи анҷумани мазкур гузаронидани намоиши дастовардҳои молҳои саноатӣ, кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ пешбинӣ шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста