Дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо муовини сардори Шуъбаи баҳодиҳии таҳлилӣ ва дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) ҷаноби Леонард Кайт масъалаҳои сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи тарафайн ва дурнамои рушди он баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, мулоқот ба масъалаҳои муҳими омӯзишию тадқиқотӣ, аз қабили муайян намудани нақши Намояндагии доимии БАТР дар ҷумҳурӣ ва мусоидати он ба бахши тиҷорату мақомоти давлатӣ, сабабҳо ва усулҳои ҳамкорӣ бо бонки номбурда, самаранокии фаъолияти БАТР дар маҳалҳо, саҳми он дар рушди мамлакат ва фарқи он назар ба дигар ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ки кишвари мо фаъолият доранд, бахшида шуд.
Дар идомаи мулоқот муовини якуми раиси Ҷ.Нуралиев иброз намуд, ки БМТаз фаъолияти Намояндагии доимии БАТРдар Душанбе қаноатманд аст, зеро тайи солҳои тӯлонӣ бонки мазкур бо Тоҷикистон ҳамкории зич дорад ва дар сармоягузории лоиҳаҳои муҳими бахшҳои давлатӣ, молиявӣ ва хусусӣ саҳми босазо гузоштааст. Ҳамчунин дар айни замон якчанд лоиҳаҳои дигар дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд.Муовини якуми раиси БМТ ҳамчунин диққати ҷаноби Леонард Кайтро дар баробари дигар масъалаҳои ҳамкорӣ ба дастгирии бахши молиявии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин бонк ҷалб намуд.
Ҷонибҳо дар анҷоми суҳбат бо боварӣ изҳор доштанд, ки таҳлил ва тадқиқи ҳамаҷонибаи фаъолияти Намояндагии доимии БАТР дар Душанбе барои дар сатҳи сифатан нави ҳамкории судманд ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста