Вазорати кишоварзии Тоҷикистон беҳтарин кормандони бахши кишоварзии ҷумҳуриро муайян кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, Абдувалӣ Рӯзиев, роҳбари кооперативии истеҳсолии Ҷ. Расулов - пахтакори беҳтарин, Амонулло Ҳабибов, роҳбари хоҷагии деҳқонии Сомонҷон - ғаллакори беҳтарин дониста шуданд.

Роҳбари ҶДММ «Баракати чорводорӣ» Қуватов М. - чорводори беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии “Уртабуз” Аламшо Ибодов - сабзавоткори беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии ба номи Боқӣ Раҳимзода Нарзулло Абдураҳмонов - картошкапарвари беҳтарин ва сардори хоҷагии деҳқонии “Ривоҷ” Ятимов Р. - боғбони беҳтарин эътироф гардиданд.

Сардори хоҷагии “Паррандапарвар-2” Садриддин Беков - паррандапарвари беҳтарин, сардори хоҷагии деҳқонии инфиродӣ Набиҷон Пулотов - занбӯриасалпарвари беҳтарин, сардори хоҷагии моҳипарварии “Чубек”Сараев Р.- моҳипарвари беҳтарин ва механизатори хочагии деҳқонии «Бобоҷон» Анваршо Ташрипов механизатори беҳтарин шинохта шуданд.

Ходими калони илмии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Бақо Каримов олими беҳтарини соҳаи кишоварзӣ дониста шуд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба беҳтарин кормандони бахши кишоварзии ҷумҳурӣ ифтихоорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.