Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар бораи поинравии нархи ғизо ва тағйирёбии нархҳо ба маҳсулоти асосии кишоварзӣ маълумот медиҳад.

«Маҳсулоти кишоварзӣ давраи нархҳои паст ё бештар устуворро паси сар мекунанд», - гуфта мешавад дар «Пешгӯии ғизои ФАО» , ки санаи 8 октябр интишор шудааст.

Қайд мешавад, ки баъди чандин маротиба болоравии нархҳо аз соли 2007 то аввали соли 2011, нархҳо ба аксари зироати ғалладона ва равғанҳои растанӣ тамоили устуворӣ ва поинравиро нишон медиҳанд.

Сабабҳои инро таҳлилгарони ФАО ба сатҳи баланди захирахои ғизо, босуръат коҳишёбии нархҳо ба нафт ва болоравии қурби доллари ИМА, ки дар ояндаи наздик аз байн намераванд, нисбат додаанд, ҳарчанд дигаргуниҳои ғайримунтазира, аз қабили обуҳавои номусоидро низ метавон интизор шуд.

Пешгӯии нархҳо ба гурӯҳҳои гуногуни маҳслуоти ғизойӣ аз ҳамдигар фарқ дорад. Нархҳо ба шолӣ сарфи назар аз дигар зироати ғалладона тағйир меёбанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нархҳо ба шакар ҳамеша ноустувор боқӣ мемонанд. Нархҳо ба гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ба таъсири тамоилҳои умумӣ вобастаанд.

Поинравии нархҳо ба зироати ғалладона дар натиҷаи ҳосили хуби чандинсола дар ҷаҳон ва ҳамчунин афзоши захирахо то сатҳи рекордӣ идома меёбад. Мутобиқи пешгӯии «Маълумот дар бораи дархост ба зироати ғалладона ва пешниҳоди зироати ғалладона », ба охири мавсими соли 2016 захираҳои ҷаҳонии зироати ғалладона 638 млн. тоннаро ташкил хоҳанд дод, ки нисбат ба сатҳи аввали мавсим 4 млн. тонна бештар аст.

Дар ҳамин ҳол, дурнамои истеҳсоли зироати ғалладона дар соли равон то 2534 млрд. тонна коҳиш ёфт, ки нисбат ба дурнамои моҳи гузашта 6 млн. тонна ва дар муқоиса ба сатҳи рекордии соли 2014 ба андозаи 0,9% камтар аст, ки сабабаш асосан поинравии сатҳи истеҳсоли ҷуворимакка дар ИМА унвон мешавад. Нархҳо ба ҷуврримакка аз моҳи июли соли 2012 ду баробар коҳиш ёфтаанд.