Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони кишвар ворид намудани тағйироту илова ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015» маъқул шуморида шуд.
Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки дар лоиҳаи тағйирот ба қонуни мазкур озод кардани воридоти 90 номгӯи таҷҳизот ва техникаи тиббӣ барои сохтмони Маркази тиббии «Пойтахт-90» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.
«Барои сохтмони иншооти зикршуда аз буҷети пойтахт беш аз 500 млн. сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти он - ҳудуди 44 млн. сомонӣ харҷ шуда, ҳаҷми маблағи озодшуда аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ 14,6 млн. сомониро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Маркази тиббии «Пойтахт-90» дар паҳлӯи Маркази ташхис аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе сохта шуда истодааст. Марказ аз 38 иншоот, аз ҷумла бемористон бо 650 кат, дармонгоҳ барои қабули 800 беморон дар як баст ва ғайра иборат аст.
Бино ба маълуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани маркази тиббии «Пойтахт-90» ахири соли равон дар назар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста