Барои амалисозии Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) Бонки исломии рушд (БИР) ба Тоҷикистон 70 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Созишнома дар ин бора рӯзи 9 октябр дар пойтахти Перу - шаҳри Лима миёни БИР ва Вазорати молияи Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, санади мазкурро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба имзо расонидаанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, барои амалисозии қисмати лоиҳаи CASA-1000 дар Тоҷикистон зиёда аз 350 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҶТ, то имрӯз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳа муайян карда шудааст. Айни замон ба маблағи 314 млн. доллари ИМА созишномахои қарзӣ ва грантӣ дар ин самт ба имзо расида, ба ин маблағ акнун боз 70 млн. доллари ИМА воситаҳои қарзии БИР низ зам шуд.

Ҳамчунин ба тасвиб расидани созишномаҳо бо Агентии ИМА оид ба рушду байнулмилалӣ ба маблағи 7,5 млн. доллари ИМа ва Вазорати рушди байнулмилалии Британияи Кабир ба маблағи 38,5 млн. доллари ИМА низ дар назар аст.

Ҳамин тариқ, маблағи умумии воситаҳои қарзӣ ва грантӣ барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳа 351 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, саҳми Тоҷикистон дар лоиҳа 15 млн. доллари ИМА аст.

Дар лоиҳаи CASA-1000  сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои дар мавсими тобистон аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон  интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин амалисозии ин лоиҳа ба таҳияи механизмҳои савдои барқ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) низ мусоидат менамояд.

Яке аз таркибҳои асосии ин иқдом рушди низоми интиқолдиҳандаи фаромарзӣ мебошад, ки ин кишварҳоро бо мақсади мусоидат ба интиқоли нерӯи барқи зиёдатӣ аз як минтақа ба минтақаи дигар бо ҳам пайваст месозад.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи мазкур соли 2020 дар назар аст. Арзиши умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Хароҷоти амалисозии лоиҳа тариқи зайл тақсим шудааст: Тоҷикистон - 314 млн., Қирғизистон - 209 млн., Афғонистон - 354 млн. ва Покистон - 209 млн. доллари ИМА.