Рӯзҳои 14-16 октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии Agrofood-2015 баргузор мешавад, ки дар он маҳсулоти беш аз 60 ширкати қораи Осиё ва Аврупо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ин робита иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ пешниҳоди маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, комплекси агросаноатӣ, техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ аз ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Гурҷистон, Италия ва Испания, Ҳолланд, Словения, Олмону Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва Эрону Туркия дар назар аст.
Дар намоишгоҳ техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ, тухмиву ниҳолҳо, технологияҳои обёрӣ ва ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти боғдориву гулпарварӣ пешкаш мегардад.
Ҳамчунин маҳсулоти шириву гӯштӣ ва моҳӣ, сабзавоту мева ва консерваҳо, маснӯотӣ нонӣ ва қаннодӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ ва таҷҳизоти касбӣ барои ошхонаҳо низ ба намоиш гузошта мешавад.
Ғайр аз ин, тамошогарони намоишгоҳ метавонанд бо таҷҳизоту технологияҳои коркарди маводи ғизойӣ, бастабандӣ ва таҷҳизоти он, ҳамчунин таҷҳизот барои коркарди шир аз наздик ошно гарданд.
Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати Expo Central Asia бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста