Имрӯз дар Душанбе машварати серӯзаи коршиносони кишварҳои узви ИДМ оид ба таҳлили маҷмӯи нишондиҳандаҳо, талабот ба маълумот ва сарчашмаҳои онҳо, ки дар «Стратегияи глобалии такмили омори бахши кишоварзӣ ва деҳот» муайян шудаанд, ба кор шурӯъ кард.

Чорабинии мзкур аз ҷониби Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ барпо карда мешавад.

Аз Кумитаи омор ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар кори машварат коршиносон аз 10 кишвари ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Арманистон, Беларус, Украина, Молдова ва ҳамчунин раиси Кумитаи омори ИДМ Владимир Соколин ва директори Агентии омори назди президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода иштирок доранд.

Ба иттилои манбаъ, дар машварат баррасии масъалаҳои Стратегия глобалии такмили омор дар бахши кишоварзӣ ва омори деҳот дар минтақаи ИДМ ва арзёбии ин нишондиҳандаҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Зимнан зикр гардид, ки иштирокдорони ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои барӯйхатгирии кишоварзӣ - 2015, дар маҷмӯъ рушд ва вазъи кунунии омори кишварҳои узви ИДМ ва табодули маълумот дар бораи омори бахши кишоварзӣ миёни кишварҳо табодули назар хоҳанд кард.