Ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада метавонад аз лоиҳаи коркарди кони бузурги нафту газ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон хориҷ шавад.
Дар сомонаи расмии Tethys дар ин робита гуфта мешавад , моҳи сентябри соли равон ширкат иҷрои уҳдадориҳои молиявии худ аз рӯи лоиҳаи коркарди кони Бохтар набаромада, аз ин рӯ, шарикони Tethys адар ин лоиҳа - Корпоратсияи миллии нафти Чин (CNPC) ва Total Exploration and Production (Total)-и Фаронса талаб кардаанд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.
Огоҳиномаи фиристодаи ширкатҳои CNPC ва Total бар он асос ёфтааст, ки Tethys ба санаи 9 октябр пардохт аз рӯи лоиҳа дар моҳи сентябрро дар ҳаҷми тақрибан 1,28 млн. доллари ИМА ва моҳи октябр ба маблағи ҳудуди 780 ҳазор доллари ИМА-ро анҷом надодааст.
Дар ин огоҳинома аз шарикони Tethys комилан хориҷ шудани Kulob Petroleum Limited (ширкати фаръии Tethys) аз Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак ва ҳамчунин ба ихтиёри ин ширкатҳо супурдани тамоми ҳисса дар лоиҳаи «Бохтар» тақозо шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти худ таъкид месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.
Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.
Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.
Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.
Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот майдони ҳудуди 35 ҳазор метри мураббаъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистонро дар бар мегирад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста