Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев бо директори Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ ҷаноби Масару Хонма дидору гуфтушунид кард. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии доимии бонк дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Джонс низ ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои рушди бахши молиявии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла мушкилоти ҷорӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ҳамчунин стратегияи БМТ оид ба таҳкими бонк мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаноби Масару Хонма иброз дошт, ки то охири соли равон БАТР ҳаҷми сармоягузории худро дар Тоҷикистон то 200 млн. долл. ИМА мерасонад, ҳол он ки солҳои пеш ин нишондиҳанда танҳо атрофи аз 20 то 40 млн. долл. ИМА-ро ташкил медод.

Гуфта мешавад, дар идомаи суҳбат меҳмонон таъкид намуданд, ки роҳбарияти БАТР аллакай тасмим гирифтааст, ки моҳи оянда як ҳайати нави намояндагии бонк барои музокирот ба Душанбе меояд ва масъалаи пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва қарзро ба бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.