Ширкати истеҳсоли автомобили Iran Khodro Company (IKCO) фурӯш, хизматгузорӣ ва минбаъд истеҳсоли автомобилҳои худро дар Тоҷикистон ба роҳ монданист.
Намояндаи IKCO ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки дар ин хусус миёни Гурӯҳи саноатии «Iran Khodro» ва ҶДММ «Гурӯҳи рушди иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон» тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.
Санади ниҳоӣ дар ин бора ояндаи наздик дар Теҳрон дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Эрону Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо мерасад.
Ширкати IKCO дар намоишгоҳи байнулмилалии дар шаҳри Душанбе ҷараёндоштаи AgroFood Tajikistan-2015 чор модели автомобилҳои худ - «Runna», «Dena», «Soren» ва «Arisun»-ро ба маърази тамошо гузошт.
Намояндаи ширкат қайд кард, ки дар марҳилаи аввал ифтитоҳи нахустин марказҳои дилерии автомобилҳои IKCO дар назар аст. «Агар ба маҳсулоти мо талаботи кофӣ пайдо шавад, минбаъд мо бо шарикони тоҷикистониамон корхонаи истеҳсоли автомобилҳои IKCOдар ҷумҳуриро таъсис медиҳем», - иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки дар Эрон ба автомобилҳои IKCO талабот зиёд аст. Дар навбати аввал, ин ба дастрасии он вобаста аст. Масалан, нархи модели «Runna» ҳамагӣ 8 ҳазор доллари ИМА ва модели бештар ҷолиби «Dena» ҳудуди 10 ҳазор доллари ИМА аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста