Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди уствор» дар доираи таҷлили «Рӯзи соҳибкор» оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Форум намояндагони ҳукумат ва вазорату идораҳо, вакилони парлумони кишвар, намояндагони воломақоми ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, олимону коршиносони варзида, 350 ширкати сармоягузор аз 35 мамолики олам, дар маҷмуъ зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок менамоянд.
Зимни суханронӣ дар форум Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо солгарди нахустини ҷашни Рӯзи соҳибкор дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.
Президент нақши амалии бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, некӯаҳволии мардум ва ободонии ҷумҳурӣ муҳим номида, манфиатдории махсус ба таҳкими шарикии давлат ва бахши хусусиро таъкид намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои саҳми арзанда дар рушди иқтисоди кишвар, таҳкими асосҳои иқтисодии истиқлолияти давлатӣ, сохтмони корхонаҳо, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ миннатдорӣ изҳор намуда, изҳори бовар намуд, ки соҳибкорон бо дарки масъулият ваэҳсоси ватандӯстӣ минбаъд низ ба рушди ҷумҳурӣ саҳми босазо мегузоранд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста