Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи сеюми байнулмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии AgroFood Tajikistan-2015 ба кор шурӯъ кард. Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо ширкати Expo Central Asia бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.
Муовини раиси ПСС Тоҷикистон Манзура Рустамова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин чорабинӣ дар доираи Форуми байнулмилалии соҳибкорон «Душанбе-2015» доир гардида, дар он маҳсулоти беш аз 60 ширкат аз зиёда аз 20 давлати қораи Осиё ва Аврупо ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешавад.
Аз ҷумла, дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, комплекси агросаноатӣ, техника ва таҷҳизоти бахши кишоварзӣ аз ширкатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, Гурҷистон, Италия ва Испания, Ҳолланд, Словения, Олмону Русия, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон ва Эрону Туркия пешниҳод шудааст.
Манзура Рустамова қайд кард, ки соли равон ин чорабинӣ муҳимтарин макони вохӯрии намояндагони корхонаҳои байнулмилалии саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо аст, ки онҳо дар ҷараёни он оид ба ҳамкориҳои муштарак тавофуқ ҳосил мекунанд.
«Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ таҷассуми имконоти густардаи саноати хӯрокворӣ ва бахши кишоварзии кишварҳои узви чорабинӣ, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, анҷоми гуфтушунидҳо, ба имзо расонидани шартномаву қарордод дар бораи ҳамкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, техника ва технодогияи муосир ба иқтисоди Тоҷикистон, таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойҳои корӣ ва дар ниҳояти кор беҳбуди сатҳи зиндагонии тоҷикистониён аст», - иброз дошт М.Рустамова.
Намоишгоҳ рӯзи ҷумъа, 16 октябр ба кори худ хотима мебахшад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста