Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон ворид намудани тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ» дастгирӣ ёфт.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода қайд кард, ки тағийроту иловаҳо ба болоравии эътимоди мардум ба бахши бонкиии кишвар нигаронида шудаанд.

Ӯ таъкид дошт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми амонатҳои шахсони воқеӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 24% афзудааст.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои имрӯз қабулшуда, амонатҳои аҳолии кишвар дар бонкҳо минбаъд мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, меъёри амонатҳои суғуртавӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ аз 0,5% то ба 0,25% поин бурда мешавад.

Дар сурати муфлисшавӣ, минбаъд бонкҳо уҳдадор мешаванд, ки ба амонатгузорони худ на камтар аз маблағи 14 ҳазор сомониро баргардонанд. Ин рақам қаблан 7 ҳазор сомониро ташкил медод.