Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев рӯзи 15 октябр бо намояндагони як қатор бонкҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои молии байнулмилалӣ мулоқот анҷом дод.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар оғоз Ҷамолиддин Нуралиев бо раиси Шӯрои мудирони AccessHolding Томас Енгелхард ва раиси Раёсати АксесБонк Тоҷикистон Удо Шедел мулоқот намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти АксесБонк Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ барои бонк, баланд бардоштани дониш, таҷриба ва касбияти кормандони мавҷудаи он, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои шустушӯи пулҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ғайр аз ин, муовини якуми раиси БМТ ҳамин рӯз бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ оид ба Осиёи Марказӣ Моаззам Мекан, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе - 2015 таҳти унвони “Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор” ташриф овардааст, мулоқот анҷом дода, дар вохӯрӣ ҳамчунин роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон хонум Манижа Мамаднабиева иштирок кард.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд мебошад. Таъкид гардид, ки аз ҳамкориҳое, ки тарафҳо дар ин ё он бахшу соҳаҳо анҷом медиҳанд, бояд ҳар ду ҷониб манфиатдор бошанд.
Мусоҳибон ҳамчунин дар бораи имкониятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои инфрасохторӣ ва истеҳсолот, тиҷорати кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, ривоҷ додани бозори коғазҳои қиматнок, нашр ва барои фурӯш ба бозор ворид кардани коғазҳои қиматноки бонкҳою дигар ширкатҳои истеҳсолӣ, ба роҳ мондани бозори дуюмдараҷаи коғазҳои қиматнок ва ғайра фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод карданд.
Сипас Ҷамолиддин Нуралиев бо тими ҳайати Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои тасдиқнамудаи соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон бо сарварии Роҳбари лоиҳаи тандурустӣ хонум Уэзи Мсиша мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҳар ду тараф ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи самаранок ба хотири дар муҳлатҳои ба нақша гирифташуда анҷом додани корҳои хеле зарур дар бахши лоиҳаҳои тандурустӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони лоиҳаи номбурда ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда мубодилаи афкор намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки барои ба даст овардани ин ҳадафҳои ба ҷомеа фоидаовар минбаъд ҳамкориҳои мавҷударо тақвият мебахшанд.
Тарафҳо муҳимияти ҷалби маблағҳои иловагии грантиро барои боз самаранок татбиқ намудани лоиҳаи мазкур бори дигар таъкид карданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста