Аз 18 октябри соли равон дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуд (лимит)-и истифодаи барқ ҷорӣ шуд.
Котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар деҳот ба хотири сарфаи об дар обанбори Норак ҷорӣ шудааст.
Ӯ қайд кард, ки айни замон нерӯи барқ ба минтақаҳо дар як ҳаҷми муайян дода шуда, чӣ миқдор ба аҳолӣ ва дигар иншоот интиқол гардидани онро шабакаҳои барқи маҳаллӣ ҳал мекунанд. «Агар нерӯи барқи ба минтақаҳо додамешуда тибқи таъинот ва сарфакорона истифода шавад, он бояд ба муддати зиёд кофӣ бошад», - гуфт Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи ӯ, истеъмолгарони қарздор аз пардохти маблағи нерӯи барқи истифодашуда пурра аз шабакаҳои барқӣ ҷудо карда мешаванд.
Ба қавли Н.Ёдгорӣ, имрӯз шароити обуҳаво имкон намедиҳад, ки тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқи танҳо аз маҷрои дарёи Вахш истеҳсолшуда таъмин карда шавад. «Аз ин рӯ, аллакай лозим меояд, ки аз захираҳои обанбори Норак истифода кунем ва ҷиҳати ҳарчи бештар сарфакорона истифода кардани ин захираҳо, тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои деҳот реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шавад», - қайд кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар алҳол реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти расида «Азия-Плюс» аз манотиқи деҳот, дар марказҳои ноҳия аз соати 5-и субҳ то 10-и рӯз ва аз соати 17 то 22-шаб нерӯи барқ дода мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста