Тӯли 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 393 млн. сомонӣ (наздики 60 млн. доллари ИМА бо қурби ҳозира) камтар маблағ ворид шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 10 млрд. 836,6 млн. сомонӣ ё худ 96,5% аз нақшаи тасҳеҳшударо ташкил додааст.
Дар ин давра ба буҷети давлатӣ тибқи нақша бояд ҳудуди 11 млрд. 230 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид.
Тибқи маълумоти котиботи Вазорати молия, ахири ҳафтаи гузашта ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат доир гардида, дар ҷараёни он натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар зарфи 9 моҳ ва вазифаҳои минбаъда баҳри иҷрои он дар соли ҷорӣ баррасӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳисоботи роҳбарони Раёсатҳои молияи вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ ва дигар ташкилотҳои зертобеъи вазорат дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва вазифаҳо дар семоҳаи чорум шунида шуданд.
Зикр мегардад, ки бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи ҳайати мушовара вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбониён ба кормандони масъули низоми молияи кишвар дар мавриди иҷрои саривақтии нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи чоруми соли равон дастуру супоришҳои мушаххас дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста