Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ояндаи наздик барҳам додани ҶСП «Фононбонк»-ро қотеъона рад мекунад. Айни замон БМТ дар ин муассиса маъмурияти муваққатӣ таъин кардааст.
Рӯзи душанбе чанде аз мизоҷони «Фононбонк» ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки бонк аз онҳо дар муддати се рӯз баргардонидани қарзҳои қаблан гирифтаашонро тақозо карда, инро бо асоснок намудааст, ки ояндаи наздик фаъолияти бонк қатъ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ин овозаҳо ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд. «Яқинан чунин овозахо аз ҷониби мизоҷоне паҳн карда мешаванд, ки барои саривақт баргардонидани қарзҳои гирифтаашон аз бонк мушкилие доранд», - қайд карданд дар БМТ.
Ба иттилои манбаъ, чанде аз мизоҷони «Фононбонк» мунтазам саривақт баргардонидани қарзҳои гирифтаашонро ба таъхир меандозанд. «Маъмурияи муваққатӣ аз ҷумла кор бо чунин мизоҷони мушкилро пурзӯр кард, зеро ин яке аз роҳҳои беҳбуди вазъи молиявии бонк мебошад», - гуфтанд дар Бонки миллӣ.
Бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ маъмурияти муваққатӣ таъин кард. Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард. Ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ҳафтаи баъди қабули ин қарор раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов ба гумони робита доштан ба исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт шуд. Самихон Қурбонов хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аст.
Он замон зикр гардида буд, ки Самихон Қурбонов на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон - ҲНИТ ҳабс шудааст.
Пас аз бозпурсиҳои дахлдор дар ин маврид Самихон Қурбонов нимаи моҳи октябр таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд. Қайд шуда буд, ки хазинадор ва муҳосиби «Фононбонк» низ аз ҷониби намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.
Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста