Муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим вобаста ба баҳодиҳии сифати корҳои сементкунонии фарш ва пешгирии ҷоришавии об дар дохили нақб, ки аз ҷониби зерсохторҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Собир»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон анҷом дода шудаанд, аз нақби «Истиқлол» боздид кард.
Тавре аз ҳукумати ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, баъд аз муоинаи корҳои анҷомёфта ва суҳбати тахассуси бо масъулини Вазорати нақлиёт ва ширкати «Собир» муовини сарвазир қайд намуд, ки дар маҷмӯъ корҳои сохтмону барқарорсозӣ хуб анҷом ёфтаанд, вале баҳогузории сифати корҳои анҷомдода танҳо моҳҳои июн –июли соли 2016, яъне баъди обшавии яхҳо имкон дорад.
Инчунин ба масъулини соҳа дастур дода шуд, ки ба ҷараёни иҷрои корҳои марҳилаи дуюми дохили нақб, ки аз равшангардонӣ ва насб намудани ҳавокашҳои пуриқтидор (вентиляторҳо) иборат мебошад, вусъат бахшида шавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста