Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки барои анҷоми пурраи корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд боз ҳудуди 10 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст.
Вазир қайд кард, ки то имрӯз барои сохтмони ин иншоот беш аз 61 млн. доллари ИМА маблағ хароҷот шудааст, ки 10 млн. доллари он ҳанӯз замони шӯравӣ дар сохтмон масраф гардида буданд.
«Айни замон барои сохтмони як километри роҳ дар дохили нақб ба ҳисоби миёна наздики 12,2 млн. доллари ИМА маблағ харҷ шуда, мушкилоти обравӣ дар нақб бартараф ва роҳ аз нав бетонрезӣ шуд», - қайд кард вазир.
Ба гуфтаи ӯ, феълан низ дар нақб мушкилоти марбут ба насби ҳавокашҳои пуриқтидор, равшангардонӣ, насби камераҳои мушоҳидаи видеоӣ ва таъмини низоми бехатарии сӯхтор вуҷуд доранд.
Пас аз суханронии вазир вакилон Ёдддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол»-ро якдилона тасдиқ намуданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста