Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ-диспетчерӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанберо, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2005 ба имзо расида буд, якдилона тасдиқ намуд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон вазири нақлиёти кишвар Шералӣ Ганҷалзода изҳор намуд, ки баландии манора 36 метрро ташкил дода, лоиҳа аз ҷониби мутахассисони нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Фаронса таҳия шудааст. Барои амалисозии он наздики 3 млн. доллари ИМА маблағ зарур буда, аз ҷониби Фаронса бар асоси грантӣ ба иҷро мерасад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 15 моҳ муқаррар шуда, тибқи лоиҳа манора ба заминларзаи 9-балла тобовар аст.

Ситоди кулли Вазорати мудофиаи Фаронса ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» масъулони амалисозии лоиҳа мебошанд.

Тоҷикистон ба фароҳам овардани шароити мусоид барои иҷрои корҳои сохтмон, таъмин бо нерӯи барқ, алоқа ва дигар хизматрасониҳи коммуналӣ, ҳамчунин муҷаҳҳаз сохтани манора бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ уҳдадор аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ширктаи фаронсавии «Винси» дар фурудгоҳи Душанбе лоиҳаи сохтмони терминали муосирро амалӣ карда буд.