Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилро шарҳу тавзеҳ дод.
Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъи аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.
«Вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ феълан таҳти фишор қарор дошта, ба лапишҳои қурбӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва дар ин замина бонкҳои марказии онҳо сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро тибқи вазъияти ба амал омада, тағйир дода истодаанд», - омадааст дар шарҳ.
Таъкид мешавад, ки вазъи имрӯзаи бозори асъори ҷумҳурӣ ба куллӣ аз вазъияти дар моҳҳои марту апрели соли равон ҷойдошта фарқ мекунад ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ баста шуда, амалиёти мубодилавӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ танҳо ба воситаи муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд.
«Дар айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», - баён мегардад дар маълумоти БМТ.
Гуфта мешавад, рӯзи душанбе, 26 октябр қурби расмии сомонӣ ба доллари ИМА дар сатҳи 6,6085 (барои 1$) муқаррар шуда, ҳамин тавр, қурби фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор набояд аз 6,7076 сомонӣ барои 1 доллари ИМА зиёдтар бошад (6,6085+1,5%+6,7076).
Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста