Дар ҳошияи сафари расмии сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодири Қосим бо директори генералии  Ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”- Япония ҷаноби Наомаса Иошида   Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД”-ро ба имзо расониданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД” бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи доруворӣ аз решаи ширинбия дар ҷаҳон мебошад. Ширкат дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Коки Системз Ко. ЛТД” фаъолияти хешро дар мамлакат дар самти парвариш ва коркарди ширинбия аз соли 2010 бо иштироки ҶСП “Аввалин” ба роҳ мондааст.

Гуфта мешавад, барои коркарди решаи ширинбия аз ҷониби ширкати мазкур дар ноҳияи Қубодиён корхона бо иқтидори истеҳсоли коркарди 3 ҳазор тонна ширинбия сохта ба истифода шудааст. Корхонаи мазкур бо сармояи 3 млн. доллари ИМА бунёд ёфта, маҳсулоти нимтайёр барои истеҳсоли доруҳои қиматбаҳои бемориҳои ҷигарро омода месозад.

Зимнан зикр мегардад, ки барои парвариши ин навъи гиёҳ ҶСП “Аввалин” дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус ҳудуди 2000 гектар заминро истифода намуда истодааст. Ҳамзамон барои парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди решаи ширинбия дар маҷмӯъ 700 нафар кормандони маҳаллӣ ба шуғл ҷалб карда мешаванд.