Сариқтисодии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ханс Тиммер рӯзи 27 октябр бо сафари чоррӯза ба Душанбе омад.

Аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадафи аслии сафар пешниҳоди гузориш дар бораи дурнамоҳои нави рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ аст.

Дар намояндагӣ қайд карданд, ки маросими муаррифии гузориш имрӯз, 29 октябр дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт доир мегардад.

«Гузориш аз ду қисмати асосӣ иборат аст. Дар қисмати аввал гузориш оид ба рушди иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ пешниҳод гардида, ноустувории рушди иқтисод дар Аврупои Ғарбӣ, ҳамчунин мушкилоти суботи вазъ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ қайд мешавад. Қисмати дуюм аз таҳлили нархҳо ба нафт ва қурбҳои мубодилаи воқеъӣ иборат буда, зарурати мутобиқат ба «воқеъияти нави нархҳои паст ба нафт» ва ҳамзамон таъмини тадбирҳои ҳадафмандонаи дастгирии иҷтимоӣ ва ҳавасмандсозӣ барои гуногунсозии бахшҳои иқтисод таъкид мешавад», -гуфт манбаъ.