Дар мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии сариқтисодчии Идораи минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Ханс Тиммер шарҳи рушди иқтисодӣ дар Аврупо ва Осиёи марказӣ, ноустувории болоравии иқтисодӣ дар ин минтақаҳо ва дурнамои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи ин ташкилоти молиявӣ бо Бонки миллӣ муҳокима гардиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таҳлили нархҳои нефт, қурбҳои воқеӣи мубодилавӣ, зарурияти мутобиқ шудан ба воқеияти нави нархҳои пасти нефт ва таъмини чораҳои мақсаднок барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар робита ба ин мавзуъ муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷ.К.,иттилоъ дод, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи бозори хариду фурӯши долл. нақди ИМА ва бо мақсади ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ гузаштан, бо дастури Бонки миллӣ қурби хариду фуруши долл. нақди ИМА аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муқаррар карда мешавад.
Номбурда таъкид кард, ки мақсад аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шаффофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.
Оид ба ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии гузариши зина ба зина ба қурби ягонаи мубодилавӣ, таъмини фаъолияти муназзаму босуботи бозори дохилии асъор ва муътадилии қурби пули миллӣ Ханс Тиммер ва аъзои дигари ҳайати Бонки ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд.
Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар ояндаи наздик барои дастгирии ичтимоии аҳолӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти бозори молиявии ҷумҳурӣ тарҳҳои наву ояндадорро таҳия ва пешниҳод хоҳанд кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста