Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарори худ фаъолияти панҷ ташкилоти қарзии хурдро қатъ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ», фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Авлодон”, ҶДММ ТҚХ “Беҳнамо”, ҶДММ ТҚХ “Имкон 2010”, ҶСП ТҚХ “Омад”ва ҶСП ТҚХ “Умеди Ёвон”-ро қатъ гардонид.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ин ташкилотҳо бо дархости онҳо оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамали №197 “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ барҳам дода шудаанд.

Таъкид мешавад, ки тайи чанд соли охир сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда дар бозори молиявии ҷумҳурӣ паст шуда буд.

Гуфта мешавад, мутобиқи ин қарор иҷозатномаҳои ин ташкилотҳои қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шудаанд, бозхонд шуда, номи онҳо аз Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд хориҷ карда мешавад.

Зикр мегардад, ки ба замми ин, мақомоти ваколатдори ташкилотҳои қарзии хурди зикршуда вазифадор карда шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.

Бино ба маълумоти БМТ, бидуни назардошти ташкилотҳои дар боло зикршуда, дар Тоҷикистон 38 ташкилоти қарзии хурд амал мекунанд.