Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши буҷети давлатӣ дар соли 2016 ба миқдори 3,3 млрд. сомониро маъқул шуморида, онро дар ҳаҷми 18 млрд. 306 млн. сомонӣ тасдиқ кард.

Дар шароити буҳрони ҷаҳонии моливу иқтисодӣ аз ҳисоби кадом сарчашмаҳо афзоиш ёфтани ҳаҷми буҷет ба ин миқдор маблағ зикр намегардад.

Ба андешаи корманди калони Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Ҷалолов, афзоиши ҳаҷми буҷети кишвар ба бисёр омилҳое чун таъсиси иқтидорҳои нави саноатӣ, шаффофии фаъолияти мақомоти молия, ҷолиб будани кишвар барои сармоягузорӣ, сатҳи озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра вобаста аст.

«Агар ҳукумат аз ҳисоби зиёд кардани маблағҳои андозбандӣ ҳаҷми буҷетро афзуданӣ бошад, ин раҳгумӣ аст», - чунин мешуморад коршинос.

Ӯ бар ин назар аст, ки соли 2016 Тоҷикистон бояд мавқеи худ нисбати ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро муайян намояд.

«Ворид шудани Тоҷикистон ба ИИАО ҳам ҷанбаҳои мусбату ҳам манфӣ дорад. Масалан, узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ба ҷалби бештари сармоягузориҳо имкон дода, захираҳои корие, ки истифода намешаванд, бо шуғл таъмин мегарданд, аммо дар ҳамин ҳол, бахши саноати кишвари мо бо бахши саноати кишварҳое чун Русия ё Қазоқистон ва ё Беларус рақобатпазир буда наметавонад», - мегӯяд коршинос.

Номбурда чунин мешуморад, ки ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи озод кардани корхонаву ташкилотҳо аз пардохти андозҳо даст кашанд.

«Танҳо соли ҷорӣ корхонаҳо ба маблағи умумии беш аз 20 млн. доллари ИМА аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон ба буҷети давлатӣ зиёда аз 391 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид гардид», - афзуд ӯ.