Сарфи назар аз боришоти рӯзҳои хир дар кишвар, кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахтаро идома медиҳанд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита хабар доданд, шурӯъ аз оғози маъракаи ғунучини ҳосили пахта дар Тоҷикистон то имрӯз беш аз 266 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки тақрибан 67% аз нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кишоварзон ҳамарӯза то 2,8 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, айни замон дар майдони кишти пахтаи ҷумҳурӣ қариб 95 ҳазор нафар машғули ғунучини ҳосиланд.
Қайд шуд, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон - беш аз 196 ҳазор тонна, вилояти Суғд - зиёда аз 65 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ - беш аз 5,6 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имсол то охири мавсим дар маҷмӯъ ҷамъоварии ҳудуди 399 ҳазор тонна ҳосили пахта ба нақша гирифта шудааст. Имсол пунбадона дар майдони ҳудуди 180 ҳазор гектар кишт шудааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2014 дар саросари кишвар дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварда шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста