Дар мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо муовини мудири Раёсати рушди соҳибкории Созмони сармоягузории Қатар Муҳаммад ал-Муслим ва таҳлилгари молиявии Хазинаи рушди Қатар Султон Аҳмад ал-Усайрӣ масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд ва истифода аз имкониятҳои сармоягузории бонкӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ зимни баррасии имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ – гидроэнергетика, канданиҳои фоиданок , бахши молиявӣ ва саёҳат қайд гардид, ки барои ба таври мушаххас муайян ва ҳаллу фасл намудани лоиҳаҳои маблағгузорӣ бояд намояндагии ин ду ташкилоти бонуфузи Давлати Қатар дар Тоҷикистон кушода шавад.

Дар робита ба ин, Умед Латифов диққати меҳмононро ба пешниҳоди БМТ дар бораи таъсиси намояндагии Хазинаи сармоягузории Қатар дар Тоҷикистон ҷалб намуда, таъкид дошт, ки аз ҷониби Қатар ташкил намудани Хазинаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ метавонад дар самти дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар бахши хусусӣ саҳми босазо гузорад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки барои таҳкими ҳамкориҳои самаровар ва ба таври васеъ истифода бурдани имкониятҳои сармоягузорӣ таҳия ва имзои Эъломияи ҳамкорӣ зарур аст.