Баъди таваққуфи қариб ҳафтсола истеҳсоли маҳсулот аз фарфор (фахфур) ва керамика (сафол) дар Тоҷикистон барқарор карда шуд.
Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҶДММ «Вежа» дар заминаи собиқ ҶСП «Фарфор» корхонаи истеҳсоли маҳсулот аз фарфор ва керамика бунёд кардааст.
Айни замон дар ин корхона навъҳои гуногуни хишти сохтмонӣ, зарфҳои ҳархела аз фарфор ва керамика, туҳфаҳо ва ҳамчунин изолятори барқӣ истеҳсол мешавад.
Дар Вазорати саноат бар ин назаранд, ки пас аз пурра барқарор шудани фаъолияти ин корхона, иқтидори истеҳсолии он 300 ҳазор адад маҳсулот дар як солро ташкил хоҳад дод.
Корхона бо таҷҳизоти нави истеҳсоли Чин муҷаҳҳаз буда, барои харидани он 100 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф шудааст.
Қариб 70%-и ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ мавҷуд буда, танҳо 30%-и он (каолин) аз Ӯзбекистон ва Украина оварда мешавад. Дар оянда корхона ният дорад, ки пурра ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузарад.
Дар Вазорат хотиррасон намуданд, ки соли 2008 бинобар сабаби камбуди гази табиӣ, ки ба сифати сӯзишворӣ барои истеҳсоли маҳсулот истифода мешуд, ҶСП «Фарфор» аз фаъолият бозмонд. Айни замон корхонаи барқароршуда ба сифати сӯзишворӣ аз ангишти маҳаллии кони «Фон-Яғноб» истифода мекунад. Феълан корхона ҳудуди 170 нафарро ба шуғли доимӣ фаро гирифтааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста