Шӯрои мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рӯзи сешанбе, 3 ноябр ҷудо шудани 38 млн. доллари ИМА барои маблағгузорӣ ба марҳилаи аввали «Барномаи мутобиқсозӣ ва сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал»-ро маъқул шуморид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита, дар доираи маблағгузории тасдиқшуда ба марҳилаи аввали ин барномаи минтақавӣ, 9 млн. доллари ИМА ба Тоҷикистон, 14 млн. доллари ИМА ба Ӯзбекистон ҷудо гардида, боз 15 млн. доллари ИМА барои роҳандозии фаъолияти минтақавӣ равона мешавад, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Фонди байнлумилалии наҷоти баҳри Арал бо дастгирии Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Қайд мешавад, ки дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай барои ҳамроҳшавӣ ба барномаи мазкур давоми ду соли минбаъда корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ҳадафи барнома истифодаи афзалиятҳои ҳамкории минтақавӣ ва робитаи мутақобила баҳри ҳаллу фасли мушкилоти афзояндаи тағйирёбии иқлим унвон мешавад, ки бисёр вақт танҳо дар марзҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба итмом намерасанд.

Гуфта мешавад, амалисозии барнома ба беҳбуди кори палтформа оид ба муколамаи устувори минтақавӣ ва табодули маълумоту таҷриба миёни ҳамаи кишварҳои минтақа дар масоли тағйирёбии иқлим дар бахшҳои гуногун бо шумули соҳаи кишоварзӣ, идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таъминот бо об, энергетика ва ғайра мусоидат менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯби амалисозии марҳилаи аввали барнома аз афзалиятҳои лоиҳаҳои он 240 ҳазор нафар аҳолии муқими Тоҷикистону Ӯзбекистон истифода карда метавонанд.