Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз рӯзи 4 ноябр парвози ҳавопаймоҳои ширкати хусусии ҳавопаймоии тоҷикистонии Asia Airways-ро мутаваққиф сохт, ки ба ҳамлу нақли бор машғул аст.
Сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз ба садама дучор гардидани ҳавопаймои навъи АН-12 дар Судони Ҷанубӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатро боздоштааст.
Ба қавли ӯ, айни замон ҳукуматдорони Судон мувофиқи талаботи байнулмилалии Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани ҳавопаймо шурӯъ кардаанд. Судон аз соли 2011 узви ин созмон мебошад.
Юсуф Раҳмонов қайд кард, ки дар бораи фаъолияти минбаъдаи ширкат баъди анҷоми тафтишот тасмим гирифта мешавад. Тоҷикистон низ дигар ҳавопаймоҳои мутааллиқ ба ширкати Asia Airways-ро мавриди санҷиш қарор медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳамсуҳбат, ҳавопаймои мавриди садама қароргирифта дарвоқеъ ҳам дар рӯйхати ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии Asia Airways қарор дорад, аммо ҷониби Тоҷикистон онро ба моликияти ширкати ҳавопаймоии Ala International LTD-и Аморати Мутатҳидаи Араб супурдааст.
«Ҳавопаймо дар рӯйхати Asia Airways вуҷуд дорад, лекин мутобиқи қарордод, ба сифати фаъолият ва ҳолати худи ҳавопаймо истифодабаранда ва молики он ҷавобгӯ аст, - гуфт Ю.Раҳмонов. - Вале чун ҳавопаймо то ҳол дар рӯйхати мо қарор дорад, тасмим гирифта шуд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати Asia Airways боздошта шавад».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 ноябр дар Судони Ҷанубӣ ҳавопаймои навъи Ан-12-и истеҳсоли шӯравӣ бо сарнишинони русиягиву арманӣ ба садама дучор гардида , тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари он зиёда аз 40 нафар ҷон бохтанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста