Идораҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҷорӣ кардани як қатор тахфифҳо ба ҳамлу нақли баъзе борҳо тариқи қитъаҳои роҳи оҳани ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар натиҷаи музокирот аз ҷониби ҶС “Ӯзбекистон термин йуллар”-и Ӯзбекистон тарифҳо барои транзити маҳсулоти нафтӣ, хокаи алюминий ва алюминий дар қитъаҳои роҳи оҳани Кудукли-Келес ва Кудукли-Қарақалпокистонро коҳиш дода шуданд. Инчунин то давраи 31 декабри соли равон ба ҳамлу нақли ин гуна борҳо тариқи қитъаи роҳи оҳани Болдир-Кудукли тахфифҳо пешниҳод шуданд.
Ба иттилои манбаъ, то ин замон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба транзити борҳои Ӯзбекистон тариқи қитъаи роҳи оҳани Спитамен - Истиқлол тахфифҳо пешниҳод намуд. «Пешниҳоди тахфифҳо ба рушди ҳамлу нақли борҳо байни ду кишвари ҳамсоя мусоидат хоҳад кард», - қайд мешавад дар хабар.
Қобили зикр аст, ки тайи 5 соли ахир дар Тоҷикистон ҳаҷми ҳамлу нақли борҳо тариқи роҳи оҳан беш аз ду баробар коҳиш ёфт. Соли 2014 роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамлу нақли ҳудуди 6 млн. 808 ҳазор тонна борҳои гуногунро таъмин намуданд, ки нисбат ба соли 2009 қариб 8 млн. тонна камтар аст. Сабаби инро Тоҷикистон монеъагузориҳо аз ҷониби Ӯзбекистон унвон карда буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста