Аз ин ба баъд шахсони воқеӣ (резидент ва ғайрирезидентҳо) метавонанд асъори нақди хориҷиро ба суратҳисобҳои бонкии дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон кушодаашон бе маҳдудияти ҳаҷми маблағ ва бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи манбаъи пайдоиши онҳо ворид намоянд.
Чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин хусус қарори иловагии дахлдор қабул намуда, онро ба ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ирсол намуд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, ин дастури иловагӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, маҳдуд кардани гардиши ғайрирасмии асъори хориҷӣ ва таъмини минбаъдаи рушди низоми бонкӣ қабул шудааст.
Гуфта мешавад, ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд асъори нақди хориҷии барои пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ пешниҳодкардаи шахсони воқеиро бе маҳдудият, бо риояи талаботҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳамчунин вазифадор карда мешаванд, ки тартиби мазкури ба суратҳисоби бонкӣ ворид кардани асъори нақди хориҷиро ба кормандони мутасаддии муассисаҳои зертобеъ ва муштариён-моликони суратҳисобҳои бонкӣ (шахсони воқеӣ) расонида, риояи ҳатмии онро таъмин намоянд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста