Дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати нави намояндагии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҷаноби Пол Росс, ки бо ташрифи нахустин ба Душанбе омадааст, шарҳи умумии дурнамои иқтисодӣ, таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои дигари мавриди назари ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар оғози мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи феълии иқтисодӣ ва ичтимойи ҷумҳурӣ шинос намуда, иброз дошт, ки сарфи назар аз ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, хавфҳои молиявӣ ва низоъҳои геосиёсӣ, раванди рушди иқтисодиёти кишвар дар нуҳ моҳи соли равон тамоили нисбатан муътадилро соҳиб гардид.
Ӯ иброз дошт, ки дар ин давра Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 33,6 млрд. сомонӣ баробар шуда, рушди воқеии он 6,4 фоизро ташкил намуд. Сатҳи таваррум дар нуҳ моҳ 3,6 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 банди фоизӣ кам гардид. Ҳамчунин ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва амонатҳои ҷалбшуда дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ назар ба соли гузашта ба андозаи чашмрас афзуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон ҷаноби Пол Росс зимни мулоқот масъалаҳои рушди геосиёсии минтақавӣ ва таъсири он ба Тоҷикистон, сиёсати пулӣ ва асъорӣ, инкишофи бахши молиявӣ, назорат ва идораи бонкҳоро ба таври муфассал таҳлил ва баррасӣ намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди таҳияи Барномаи махсуси ХБА оид ба Тоҷикистон ва зарурияти расонидани кӯмаки техникӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста