Рӯзи 10 ноябр дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск Намоишгоҳ-ярмаркаи махсуси XXI байнулмилалии «Продэкспо-2015» ба кор шурӯъ кард.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ сафири Тоҷикистон дар Русия Қозидавлат Қоимдодов изҳор намуд, ки намоишгоҳи кунунӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои минтақавӣ саҳми босазо дошта, дар он маҳсулоти беш аз 2500 корхонаву ширкатҳо аз 60 кишвари дунё ба маърази тамошо гузошта мешавад.

«Дар ин чорабинӣ бори нахуст маҳсулоти 5 ширкати Тоҷикистон - ҶСК «Абрикос и Компания» (вилояти Суғд), ИҶ «Искич» (ноҳияи Ҳисор), ҶДММ «Меваи Қанд (вилояти Суғд), ҶДММ «Меваи тиллоӣ» (вилояти Суғд) ва ширкати ба номи Абдулхаев Алишер (вилояти Хатлон) ба намоиш гузошта мешаванд», - иброз дошт сафир ва қайд кард, ки ин иқдом ба густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мусоидат хоҳад кард.

Сафири Тоҷикистон дар фарҷом ба ҳамаи иштирокчиён, меҳмонон ва дастандаркорони намоишгоҳ фаъолияти пусамар, гуфтушунидҳои кории муфид ва муваффақ, амалисозии нақшаҳои тарҳрезишуда ва ҳамчунин андешаҳои инноватсионӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои навро таманно кард.