Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шурӯъ аз 10 ноябр ба истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ оғоз намуд.

Котиби матбуотии ШСХК «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳафтаҳои аввали кор дар ин МБГ шабонарӯзӣ 60 Гкал гармӣ ва 80 мегаватт нерӯи барқ истеҳсол шуда, тадриҷан ин нишондиҳандаҳо зиёд хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки барои фаъолияти мунтазам ва пурсамари Маркази барқу гармидиҳии мазкур 252 ҳазор тонна ангишт захира шудааст. Ба ҷуз афзоиши имконоти пойтахт дар масъалаи таъминот бо барқ, МБГ беш аз 242 иншоот ва манзилҳои истиқоматии пойтахтро бо гармӣ таъмин мекунад.

Қобили зикр аст, ки иқтидори истеҳсолии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 алҳол 100 мегаваттро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии марҳилаи навбатии лоиҳа, ки аллакай амалӣ мешавад, 300 мегаваттро ташкил дода, иқтидори умумии МБГ то 400 мегаватт нерӯи барқ ва 235 Гкал гармӣ мерасад. Анҷоми амалисозии лоиҳа то соли 2017 дар назар аст.

Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур «Эксимбонк»-и Чин дар ҳаҷми 331,5 млн. доллари ИМА қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.