Зимни сафар ба Тоҷикистон ноиби президенти Бонқи ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер аз раҳбарияти ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки ба ислоҳоти сохторӣ баҳри беҳбуди сифати ҳаёти одамон, бахусус қишри камбизоат ва осебпазири аҳолӣ идома бахшанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ, ӯ ҳамчунин аз нерӯгоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикисон боздид намуд, ки дар он бо дастгирии ин бонк оид ба масъалаҳои таъмиру таҷдид ва бехатарии нерӯгоҳ ду таҳқиқот гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ин таҳқиқоти ба ҳукумати Тоҷикистон барои таҳияи барномаи маҷмӯавӣ ҷиҳати таъмиру таҷдиди ин иншоот кумак хоҳанд кард.

Ҳадаф аз сафари дурӯзаи С.Мюллер ба Тоҷикистон баррасии барномаи Бонки ҷаҳонӣ бо шарикони калидӣ буд, ки ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва дастгирии сатҳи ҳаёти бештар баланди аҳолӣ тариқи фароҳам овардани шумори зиёд ва хушсифати ҷойҳои корӣ нигаронида шудааст. Дар ин сафар Сирил Мюллер бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ҳукумати ин кишвар дидору гуфтушунид кард.

«Таъсири нархҳои паст ба нафт ва сустшавии рушди иқтисод дар Русияро шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ эҳсос мекунанд, ки мутаносибан ба қишри бештар осебпазири аҳолӣ таъсир мерасонад», - иброз дошт Сирил Мюллер дар брифинги матбуотӣ пас аз вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон.

«Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат Бонки ҷаҳонӣ барқарор шудани нархҳо ба нафт ё беҳбуди муҳити берунаи иқтисодиро интизорӣ надорад ва аз ин рӯ, ба баргузории ислоҳоти устувори сохторӣ ва ҳамчунин рушди низоми ҳифзи иҷтимоии пурсамар ва унвонӣ даъват мекунад. Тариқи лоиҳаи тарҳрезишуда дар самти бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар фаъолият оид ба таҳкими бахши хусусӣ, Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ рушди иқтисодӣ ва муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад», - итминон додааст Сирил Мюллер.

Дар вохӯриҳо бо намояндагони ҳукумат С.Мюллер лоиҳаҳоеро баррасӣ намуд, ки аз  ҷониби Бонки ҷаҳонӣ мутобиқи Стратегияи амалкунандаи шарикӣ бо кишвар (солҳои 2015-2018) амалӣ мешаванду баҳри мусоидат ба роҳандозии тағйироти сохторӣ дар иқтисод барои таъсиси ҷойҳои кории хеле зарур нигаронида шудаанд. Ғайр аз ин, бо назардошти осебпазирии кишвар ба офатҳои табиӣ, Бонки ҷаҳонӣ лоиҳа оид ба дастгирии фаъолият дар самти осонтар намудани хатарҳои офатҳои табииро низ баррасӣ дорад, ки шумори зиёди одамонро фаро хоҳад гирифт.

Қобили зикр аст, ки айни замон Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми умумии 383 млн. доллари ИМА 25 лоиҳа, аз ҷумла лоиҳаҳои минтақавиро маблағгузорӣ мекунад. Ин лоиҳаҳо ба дастгирии афзоиши суръати иқтисод аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ ва ҳамчунин беҳбуди сифати хизматгузориҳои ҷамъиятӣ барои аҳолӣ ба мисли маорифу тандурустӣ, хизматрсониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидаанд.

Шурӯъ аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ ба сифати грантҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд, қарзҳои имтиёзнок ва фондҳои мақсаднок тақрибан 1,1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.