Дар асоси супориши раиси шаҳри Хуҷанд давоми ҳафта муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд ва ширкати «Суғдроҳ» корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳои шаҳрро вусъат бахшида, кӯчаи ба номи А.Суворови маҳаллаи «Чорчароғ»-ро тахту ҳамвор ва корҳои мумфаршкунашро ба охир расониданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, масофаи умумии роҳ 160 метр буда, маблағи умумии корҳои таъмиру мумфаршкунӣ зиёда аз 80 ҳазор сомонӣ аст. Аз ин маблағ 10 ҳазор сомонӣ саҳми сокинону соҳибкорон - истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур буда, 70 ҳазор сомонии онро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пардохтааст.
Ёдрас мешавад, ки то имрӯз ба ҷойи 39,1 км таъмири асосии нақшавӣ 40,1 км роҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, нақшаи таъмири ҷорӣ бошад, ба ҷойи 18 км нақшавӣ 22 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.
Гуфта мешавад, нақшаи солонаи таъмири роҳ дар шаҳри Хуҷанд 57,1 км пешбинӣ гашта буд, ки то нимаи аввали моҳи ноябр масофаи роҳҳои таъмиргаштаи маркази вилоят ба 61,25 км расида, он 107,3 % иҷроиши нақшаро таъмин намудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста