Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» тендери кушод эълон кард. Ин маҷмааи нодир ва ягона дар Тоҷикистон тақрибан дар 70 километрии Душанбе, дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб воқеъ аст.
Аз Кумитаи мазкур ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки феълан ин маҷмаа дар тавозуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ қарор дошта, нархи аввалияи фурӯши он 1 млн. 920 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 290 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира)-ро ташкил медиҳад.
Тендери фурӯши иншоот дар ду марҳила гузаронида мешавад. То санаи 7 декабр хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худ барои иштирок дар тендерр пешниҳод намоянд.
Барои иштирок дар тендер пардохти боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 14 ҳазор сомонӣ зарур буда, дар ҳамин ҳол, хоҳишмадони иштирок дар он бояд ҳуҷҷатҳо дар бораи вуҷуд доштани сармоя дар ҳаҷми на камтар аз 50% аз арзиши аввалияи маҷмааи «Сафедорак»-ро пешниҳод кунанд.
Натиҷаҳои марҳилаи тендери дусатҳа санаи 14 декабри соли равон эълон шуда, мутобиқи шартҳои он, ғолиби тендер шахси воқеъӣ ё ҳуқуқие эътироф хоҳад шуд, ки маблағи умумии пешниҳоди молиявӣ ва техникиаш бештар хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки қарори ба дасти шахси хусусӣ супудани ин маҷмаа ба таъмиру азнавсозии заминаи моддиву техникӣ ва ҳамчунин дар маҷмӯъ ба беҳбуди шароит дар ин пойгоҳ вобаста аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста